4 Август 2026 - 16:25
Source: ABNA
Идомаи даъвоҳои СЕНТКОМ дар бораи муҳосираи баҳрии Эрон

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) даъво кард, ки то дирӯз дар чаҳорчӯби нақшаи ба истилоҳ «муҳосираи баҳрӣ» масири 44 киштии тиҷоратиро тағйир додааст.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) имрӯз, сешанбе, бо нашри паёме даъво кард, ки то ҳол масири 44 киштии тиҷоратиро дар чаҳорчӯби нақшаи ба истилоҳ «муҳосираи баҳрӣ» тағйир додааст.

Ин ниҳод дар идомаи даъвои худ дар ростои тақвияти рӯҳияи сарбозони худ дар баробари нерӯҳои дифоии Эрон даъво кард: «Аз вақти аз сар гирифтани муҳосираи Эрон, мо масири 44 киштии тиҷоратиро тағйир дода, 2 киштиро аз кор монда ва 2 киштии дигарро бозрасӣ кардаем. Мо ҳанӯз ба татбиқи дақиқи муҳосираи баҳрӣ алайҳи Эрон идома медиҳем!»

Ин ниҳод қаблан низ даъвоҳои шабеҳе ба миён гузошта буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha